АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Дар доираи табиқи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид

08.05.2025



8 майи соли ҷорӣ дар доираи татбиқи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Семинари илмӣ таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардид, ки дар он унвонҷӯён, ходимон ва олимони ҷавони илмӣ аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни семинар докторанти курси 3-юми  озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ - Қамариддин Изатуллозода дар мавзӯи  "асосҳои физикию химиявии коркарди ашёи хоми минералии Тоҷикистон бо шарти ба даст овардани коагулянт, шиша, алюминий, оҳан ва пайвастагиҳои бордошта ва Туйчи Холматзода дар мавзӯи «Асосҳои физикию-химиявии коркарди маъданхои алюминийдори Тоҷикистон бо истифода аз кислотаҳои минералӣ ва усули гудохтан, барои ба даст овардани пайвастҳои алюминий, оҳан, коагулянтҳо ва массаҳои фарфорӣ» бо маърузаҳо баромад карданд. 

Дар интиҳои семинар ҳамчунин мулоҳизарониҳои илмӣ дар  мавзуҳои гуногун сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.